Ба гузориши ИКНА, Донишгоҳи исломии Имом Муҳаммад ибни Саъуд, ки дар шаҳри Риёз — пойтахти Арабистони Саудӣ — воқеъ аст, соли 1953 милодӣ ҳамчун мактаби омӯзиши улуми динӣ таъсис ёфт. Баъдан тадриҷан густариш ёфт ва соли 1394 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 1974 милодӣ) ба як донишгоҳи хурд табдил шуд. Сутунҳои асосии донишгоҳи кунунӣ дар даврони салтанати шоҳ Холид ибни Абдулазиз Оли Сауд, рӯзи 5 январ соли 1982 гузошта шуданд ва донишгоҳ дар соли 1990 милодӣ ба шакли ҳозирааш омода гардид.
Ин донишгоҳ дорои 65 маркази таълимӣ дар дохили Арабистони Саудӣ ва се марказ дар кишварҳои хориҷӣ (Ҷопон, Индонезия ва Ҷибутӣ) мебошад.
Китобхонаи донишгоҳ ганҷинаи нодири нусхаҳои хаттӣ дорад, ки дар китобхонаҳои дигар дунё ёфт намешаванд. Махтутот, яъне нусхаҳои хаттӣ, китобҳое мебошанд, ки бо даст навишта шудаанд. Уламо ва бузургони гузашта китобҳоро ба сурати дастнавис китобат мекарданд ва ин нусхаҳоро имрӯз ба унвони нусхаи хаттӣ мешиносанд.
Донишгоҳи Имом Муҳаммад ибни Саъуд ҳудуди 9 ҳазор нусхаи хаттии аслӣ дар ихтиёр дорад, ки қисман аз хориҷ харидорӣ шудаанд ва қисман аз сӯи уламо, амирон ва андешамандони дорои китобхонаҳои шахсӣ ба ин донишгоҳ ҳадя гардидаанд. Ҳамчунин, китобхона 15 ҳазор нусхаи хаттии тасвирӣ дар шакли микрофилм дар бар мегирад.
Ҳамаи ин нусхаҳо имрӯз ба шакли рақамӣ табдил дода шудаанд ва нусхаҳои тасвирии онҳо тавассути микрофилм мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Микрофилмҳои мавҷуд дар китобхона беш аз 500 нусхаи тасвиршуда-ро дар бар мегиранд.
Нусхаҳои хаттии ин китобхона, ки асосан марбут ба улуми исломӣ ҳастанд, дар дигар китобхонаҳои мисли Миср, Сурия, Марокаш ва ғайра ёфт намешаванд. Масалан, нусхаи «Саҳеҳи Бухорӣ», ки дар ин китобхона мавҷуд аст, бо дигар нусхаҳо аз лиҳози таърихи китобат ва китобаткунанда фарқ мекунад.
Тасвирҳои ин нусхаҳо дар ҷойҳои дигар ба воситаи микрофилм ё диски сахт (ҳард диск) низ мавҷуд аст ва асосан ба улуми исломӣ ихтисос доранд.
Ҳар муҳаққиқ ва пажӯҳишгар метавонад ба сомонаи расмии донишгоҳ ворид шуда, ба феҳристи китобҳои китобхона дастрасӣ пайдо намояд ва бо ҷустуҷӯи номи муаллиф ё мавзӯи китобҳо, асари мавриди назарро пайдо кунад.